Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025”

11 ноябр 2025

Санаи 11-уми ноябри соли ҷорӣ дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон –шаҳри Бохтар намоиши молу маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ соҳибкорону сармоягузорон, ташкилотҳои қарзии кишвар, корхонаҳою ширкатҳои саноатӣ молу маҳсулоташонро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноати сабук, саноати вазнин, металлургия, хизматрасонии бонкӣ, алоқаи мобилӣ, бахши фармасевтӣ, тиббӣ ва дигар соҳаҳо ба намоиш гузоштанд.

Дар баробари дигар ташкилоту корхонаҳо филиали №42 КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар низ фаъолона иштирок намуда, маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба намоиш гузошт.

Ба иштирокдорони форум оид ба маҳсулотҳои қарзӣ, кортҳои пардохтӣ, намуди пасандозҳо, хизматрасониҳои муфиди Амонатмобайл ва тарзу услуби кории он, Интернет-банкинг ва ғайра маълумот пешниҳод гардид.

Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025” платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои «сабз», рушди устувор ва трансформатсияи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк