Таҷлили Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Амонатбонк”

05 ноябр 2025

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки Раиси Раёсати Бонк Салимзода А.А., академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, профессор, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Маҳмудов М.А. ва ҳайати кормандони Бонк ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Раиси Раёсати Бонк ҳозиринро бо 31-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятиро муайян намуда, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси даргириҳои сиёсӣ ба танзим даровард.       

Дар он рўзҳои душвор таҳия ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, рўйдоди арзишманди таърихӣ маҳсуб меёбад.            

Боиси хушбахтист, ки мардуми кишвари азизамон арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоиштаро амиқан дарк менамоянд, заҳматҳои сангини ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллиро фаромўш накардаанд.

Зеро, ки ин миллати бузургро сиёсатмадори бохираду соҳибтаҷриба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҳисси баланди миллӣ ва меҳанпарастӣ роҳнамоӣ мекунад.

Сипас академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. низ ба суханронӣ баромада, перомуни моҳият ва арзиши қонуни олии давлат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид.

Дар идома ҳуқуқшиноси асосии департаменти қарздиҳӣ Гулмуродзода Бобокалон низ ба сухан баромада, иброз дошт, ки Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъинкунандаи сарнавишти миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар буда, барои ҳифзи истиқлолият, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк