Вохӯрии раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор
3 ноябри соли 2025 раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд.
Зимни мулокот, раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол аз натиҷаи фаъолияти Бонк дар 9 моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ маълумот манзур намуда, қайд карданд, ки Амонатбонк ҳамчун институти молиявии давлатӣ ва яке аз бонкҳои низомсози кишвар дар доираи амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, бо маром пеш рафта истодааст.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз қабили бизнес модели Бонк, сарчашмаҳои даромад, хароҷотҳо барои маблағгузорӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди мизоҷон, масоили сармоягузорӣ, қарздиҳӣ, риояи талаботҳои низомҳои байналмилалӣ ва комплаенсро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳадафи аслии мулоқоти мазкур ин баррасии вазъи бахши молиявии КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар 9 моҳи соли 2025 бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна, инчунин арзёбии дурнамои ҳамкориҳои оянда бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ба шумор мерафт.
Дар маҷмӯъ мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии хешро изҳор намуданд.













