Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” (World savings day)
Ҳамасола санаи 31-уми октябр дар ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” (World Savings Day) ҷашн гирифта мешавад.
Мақсад аз таҷлил ва баргузор намудани чорабинӣ дар доираи “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” васеъ кардани имконияти наврасону ҷавонон ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулонаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.
Бахшида ба ин рӯз, давоми моҳи октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” дар ноҳияи Файзобод, шаҳри Конибодом ва Исфараи вилояти Суғд барои гурўҳҳои мақсаднок, аз ҷумла занону бонувон, ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо чорабинии омӯзишӣ баргузор гардид.
Масъулини Бонк ба ҳозирин оид ба маҳсулотҳои бонкӣ алалхусус оид ба пасандозҳо, намуди онҳо ва тарзи кушодани суратҳисоби пасандози бонкӣ бо рӯнамо баромад намуда, ба самъи ҳозирин тамоми паҳлуҳои асосии пасандоз, муҳлати истифодаи ва гирифтани фоида аз он ва тарзи истифодаи онро тариқи онлайн бо ҳамёни электронии Амонатмобайл пурра фаҳмониданд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур ба саволҳои аз ҷониби ҳозирин пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас дода шуд.













