Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Амонатбонк
Санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми раиси раёсати Бонк Худоёрзода Х.Б., муовини раиси раёсати Бонк Сафарзода Р.С., раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, ходими намоёни давлатӣ Рафиқа Мусоева ва аҳли кормандони Бонк иштирок доштанд.
Нахуст муовини якуми раиси раёсати Бонк Худоёрзода Х.Б. ҳозиринро бо яке аз санаҳои воқеъан таърихӣ барои халқи тоҷик, Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Ҳануз 34 сол муқаддам дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором, масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид.
Дар идома раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ва ходими намоёни давлатӣ Рафиқа Мусоева низ баромад намуда, иброз доштанд, ки қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин Парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд.
Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад.
Аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷавонони Бонк низ бахшида ба гиромидошти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои ҷолиб баён гардида, шеърҳои пурмазмун дар васфи ин рамзи муқаддаси миллӣ қироат карда шуд. Чорабинии тантанавӣ дар фазои фараҳбахш ва бо эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ба анҷом расид.













