Хабарҳо
Бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” бо Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Барои иштироки фаъолона ва дар сатҳи хуби ташкилӣ баргузор намудани чорабинӣ оид ба ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week -2022), БДА ҶТ “Амонатбонк” бо Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти Амонатбонк ва роҳбарияти Белорусбанк
10 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар ҳошияи баргузории ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва муовини якуми Раиси Раёсати ҶСК «Белорусбанк» Поливко Александр Иосифович баргузор гардид.
Иштироки ҳайати БДА ҶТ “Амонатбонк” дар форуми бахши хусусии гуруҳи Бонки Исломии Рушд дар Ҷумҳурии Мисри Араб
Санаи 02-юм ва 04-уми июни соли 2022 дар Ҷумҳурии Мисри Араб Форуми бахши хусусии гуруҳи Бонки Исломии Рушд баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати расмии БДА ҶТ “Амонатбонк” таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Бонк Икромӣ Сироҷиддин Салом иштирок намуданд.
Иштироки роҳбарияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус
Санаи 08-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар рафти баргузории ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва Раиси Раёсати ҶСК «Бонки рушди Белорус» Егоров Александр Созишномаи умумӣ оид ба маблағгузории содиротӣ ба имзо расонида шуд.
Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Амонатбонк дар вилояти Суғд
Санаи 21 майи соли ҷорӣ, вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд баргузор гардид.