Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ноҳияи Зафаробод

02 маи 2023

Санаи 28-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ, дар Муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Лоик Шералии нохияи Зафарободи вилояти Суғд, бо иштироки муҳассилини ин даргоҳи илму маърифат ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мутахассисони Амонатбонк оид ба таърихи пайдоиши пул, намудҳои пул, самаранок истифода бурдани маблағи худ, аввалин даромад, тарзи дурусти пасандоз намудан ва дигар мавзуҳо ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Иштирокчиёни чорабинии омӯзишӣ ба мавзуҳои зерин мароқ зоҳир намуда, ба мутахассисони Бонк суолҳои хешро иброз дошта, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳамзамон ба кулли иштирокчиён туҳфаҳои хотирмон бо рамзи Амонатбонк тақдим карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк