Иштироки Амонатбонк дар намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон 2023

04 май 2023

Санаи 04-уми майи соли ҷорӣ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон 2023 баргузор гардид.

Дар намоишгоҳи мазкур корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва хориҷӣ молу маҳсулоти истеҳсолии худро ба маъраз гузоштанд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” низ дастовардҳои соҳавӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳои хешро ба иштирокдорони намоишгоҳ муаррифӣ намуд.

Ташкил ва баргузории намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон барои муаррифӣ намудани молу маҳсулоти ватанӣ ва дар ин самт вусъат бахшидани ҳакории дуҷониба бо шарикони хориҷӣ мусоидати фаъол менамояд.

Намоишгоҳи мазкур аз санаи 04-ум то 07 -уми майи соли ҷорӣ идома ёфта, шаҳрвандони кишвар метавонанд аз он дидан намоянд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк