Бонувони Амонатбонк ғолиби озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” дониста шуданд

12 маи 2023
Санаи 12-уми майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмуни  “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор “Кадбону” ва бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон барои занону бонувоне, ки дар ташкилотҳои қарзии кишвар фаъолият менамоянд ташкил ва баргузор карда шуд.

Ғолибон аз рӯи якчанд номинатсия барои фаъолияти назаррасу намунавӣ, таҷрибаву малакаи волои касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти соҳа бонкдории мамлакат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ва ғайра интихоб карда шуданд. 

Боиси хушнудист, ки бонувони  КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Раҳимзода Шаҳло дар номинатсияи “Корманди беҳтарини роҳбарикунанда” ва Ғаниева Ҳусния дар номинатсияи “Корманди беҳтарини соҳаи иттилооти технологии бонкӣ” ғолиби озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” дониста шуданд.

Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо барои ҳавасманд намудани занону бонувони кишвар ва баланд бардоштани завқи онҳо нисбат ба касби хеш мусоидат менамояд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк