Амонатбонк дар ҷаласаи солонаи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ширкат варзид
11 май 2023
Санаи 10-уми майи соли ҷорӣ гуруҳи кории Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” таҳти роҳбарии муовини Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Ризвонзода Ф.З. ҷиҳати иштирок намудан дар ҷаласаи солонаи Бонки Исломии Рушд, ки дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа гуруҳи кории Амонатбонк бо роҳбари саридораи амалиётии ITFC ҷаноби Назим Нурдалӣ мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии хешро ҷиҳати ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти маблағгузории савдо, ESG таҳлилҳои мухталифи самти молия иброз доштанд.
Қайд кардан ба мавридаст, ки Бонки Исломии Рушд яке аз ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ буда, ҳамеша ҳамкориро бо КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар самтҳои гуногун ҳамкориро ба роҳ мемонад.