Ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нуҳ моҳи соли 2022

18 октябр 2022

Санаи 18-уми октябри соли ҷорӣ дар бинои дастгоҳи марказии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” доир ба натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нуҳ моҳи соли 2022 ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласа бо иштироки Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., ва Сайфзода Ш.Ҷ., мудирон ва сармуҳосибони филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк”, сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Амонатбонк Сафарзода Рукмина Сафар, муовини Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Бонк Наимӣ Аъламхон Қодир, сардори идораи бозрасии бонкҳои департаменти назорати бонкии БМТ Мирзоев Умед Нозимович, сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Даврон баргузор гардид.

Дар қисмати аввали ҷаласа муовини Раиси Раёсат Сайфзода Ш.Ҷ. баромад намуда, доир ба фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар давоми нуҳ моҳи соли 2022 натиҷагирӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ Амонатбонк тамоми сайъу кўшиши худро баҳри татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар паёми навбатӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияи соҳа барои соли 2022 равона намуда, дар ҳаҷми 72,3 млн. сомонӣ даромади соф ба даст овардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,9% зиёд мебошад.

Бонк ҷиҳати саҳмгузории назаррас дар низоми бонкӣ дар 5 соли оянда тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» ва аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ва дар ин замина мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.

Бонк ба ҳолати 30 сентябри соли 2022 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба наздики 38 ҳазор муштарӣ 1,2 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарздиҳӣ 14,4% зиёд гардидааст.

Аз ҷумла, Бонк бо мақсади фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, дастгирии кишоварзон ва бо дарназардошти талаботи зиёди муштариён, қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз-2022» дар нимсолаи якуми соли 2022 ҷорӣ намуд.

Ҳамзамон, бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи босуботи барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон, Бонк иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони “Дониш-2022” таҳти 20 фоизи солона ҷорӣ намуд. Иқдоми мазкур, ҷиҳати пардохти маблағи таҳсил роҳандозӣ гардида, аз санаи 1 август то 30 сентябри соли 2022 амал намуд.

Боиси қайд аст, ки Амонатбонк бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар самти сохтмон ва васеъ гардонидани манзили истиқоматӣ, инчунин имконият барои харидории манзилҳои истиқоматӣ, “Қарзҳои ипотеки”-ро ҷорӣ намудааст.

Бояд қайд намуд, ки Амонатбонк фаъолияти худро дар самти ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вусъат бахшида, аз оғози ҷалби сармоягузориҳо 87,7 млн. доллари ИМА ҷалб намудааст, ки бо истифодаи маблағҳои қарзӣ дар 51 шаҳру ноҳияи кишвар 136 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат амалӣ шуда истодааст.

Шумораи пасандозгузорон бошад, дар Бонк зиёда аз 1,7 млн. нафар расидааст. Дар натиҷа, бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар Амонатбонк ба санаи 30 сентябри соли 2022 маблағи 3,7 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19% зиёд мебошад ва Бонк аз рўи ин нишондиҳанда дар низоми бонкии кишвар яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.

Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар паёми навбатӣ, Бонк ҷиҳати пурра ҷорӣ намудани амалиётҳои ғайринақдӣ чораҷӯӣ намуда истода, дар маҷмўъ бо 8 018 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 130 адад зиёд мебошад.

Қайд гардид, ки шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 552 ҳазор нафар расида, теъдоди банкоматҳо дар Бонк ба 352 адад ва постерминалҳо ба 2210 адад расонида шудааст.

Баъд аз маърўзаи муовини Раиси Раёсат оид ба натиҷаи фаъолияти Амонатбонк дар нуҳ моҳи соли 2022, аъзоёни Раёсати Амонатбонк баромад намуда, фикру ақидаҳои худро нисбат ба фаъолияти соҳа иброз намуда, нишондодҳои молиявии Бонкро дар давоми нуҳ моҳи соли 2022 мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Қайд гардид, ки барои аз ин ҳам бештар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба Бонк бояд фаъолияти ҳар як корманди Бонк ба таври назаррас ба роҳ монда шавад.

Дар қисмати дуюми ҷаласа сардорони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Бонк оид ба фаъолияти самти худ дар давоми нуҳ моҳи соли 2022 ба Раиси Раёсат ҳисобот доданд.

Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. қайд намуданд, ки Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ сиёсати иҷтимоии давлатро амалӣ намуда дар самти пешниҳоди хизматрасонҳои бонкӣ ба аҳолии кишвар саҳмгузор мебошад. Аз ин рӯ аз ҳар як нафар корманди Бонк талаб карда мешавад, то бо виҷдони пок фаъолияти рўзмараи хешро ба роҳ монда, дар самти рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми бевоситаи худро гузошта бошанд.

Ҳамчунин, доир ба масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ, ба таври васеъ ба роҳ мондани хизматрасониҳои нав бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ ва устувор гардонидани мавқеи Бонк ҳамчун бонки давлатӣ дар бозори байнибонкии кишвар, андешидани чораҳо дар самти баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ ва фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, тақвият бахшидани фаъолият ҷиҳати такмили савияи касбии кормандони Бонк доир ба истифодаи технологияи рақамӣ, зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, махсусан ба соҳибкории хурду миёна, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ суханронӣ карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк