Иштироки гурўҳи кории БДА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии Раиси Раёсат Икромӣ С.С. дар Конфронси SIBOS-2022 SWIFT дар шаҳри Амстердам

13 октябри 2022

Санаҳои 10 то 13 октябри соли ҷорӣ Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» дар доираи ҷаласаи солонаи Конфронси SIBOS - 2022 SWIFT (системаи байналмилалии байнибонкӣ барои интиқоли иттилоот ва пардохтҳо), ки дар шаҳри Амстердами Нидерландия баргузор гардид, иштирок намуданд.

Конфронси SIBOS, ин як платформаи беназир ва бонуфузтарини сатҳи байналмиллалӣ буда, ҳамасола аз ҷониби SWIFT гузаронда мешавад, ки иштирок дар чунин чорабинӣ метавонад заминаи мусоидеро ҷиҳати васеъ намудани доираи фаъолияти молиявии Бонк бо бонкҳои бонуфузи кишварҳои Аврупо ва Амрико ва ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ фароҳам оварад.

Боиси ёдоварист, ки дар Конфронси мазкур тақрибан аз 200 бонкҳои бонуфузи ҷаҳон ва зиёда аз 10 000 иштирокчиён гирдиҳам омада, масоили хизматрасониҳои муосири бонкӣ, рақамикунонӣ ва баррасии кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ байни бонкҳои иштирокчӣ, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамчунин, аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. бо роҳбари минтақавии SWIFT муҳтарам Ҳайден Аллан, бо Роҳбари минтақавии маблағгузории савдо ва бонкдории транзаксионии Райффайзен Бонк муҳтарам Сабине Зухер, бо ноиби Президенти бонки Озар-Турк Орҳан Гадирбай, бо Ноиби Президенти иҷроияи Нуролбонк муҳтарам Ҷенк Атмаҷа, бо Муовини директори генералӣ Машреқ бонки Аморати муттаҳидаи Араб муҳтарам Муҳаммед Даниш Хан ва роҳбари ҳамкориҳои минтақавии Актифбонк муҳтарам Азад Исмайл мулоқот доир номуда, масъалаҳои хизматрасониҳои муосири бонкӣ, рақамикунонӣ ва баррасии кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ байни бонкҳо баррасӣ намуданд.

Дар ин ҳошия, бо роҳбарон ва намояндагони дигар бонкҳои бонуфузи ҷаҳон ба монанди Societe Generale bank-и Фаронса, Landesbank Baden-Wurttemberg-и Олмон, Bank of China-и Хитой ва дигар бонкҳо вохўрӣ ва мулоқоти судманд доир намуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк