Иштироки Амонатбонк дар “Фестивали касбу кор”

22 октябр 2022

Санаи 22-юми октябри соли ҷорӣ дар саҳни шаҳраки донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ “Фестивали касбу кор” баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур БДА ҶТ “Амонатбонк” низ фаъолона ширкат варзида ҷойҳои кории холӣ ва хизматрасониҳои бонкии худро ба маърази тамошо гузошт.

Ба иштирокдорон оид ба шарту шароити кор, тартиби қабул ба кор, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ғайра маълумотҳои зарурӣ пешниҳод гардид.

Дар баробари ин оид ба маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои бонкӣ аз қабили қарзҳои истеъмолӣ ва овердрафтӣ, барномаи мобилии “Амонат-мобайл”, намуди пасандозҳо, кортҳои бонкӣ, тарзу услуби пайваст намудани корт ба смс паёмак ва ғайра маълумотҳои муфид дода шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк