Таҷлил аз «Рўзи иттифоқҳои касаба» дар Амонатбонк

24 октябр 2022

Санаи 24-уми октябри соли ҷорӣ дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бахшида ба «Рўзи иттифоқҳои касаба» чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Чорабинӣ бо иштироки Роҳбарият ва кормандони Бонк инчунин меҳмонони даъватгардида, нозири ҳуқуқ ва меҳнати Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи кормандони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон Акбаров Сайҷаъфар Аскарович ва собиқадорони БДА ҶТ «Амонатбонк» баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Раёсат мӯҳтарам Икромӣ С.С. аҳли нишастро бо «Рўзи иттифоқҳои касаба» самимона табрику таҳният намуда, бо хушнудӣ қайд карданд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шуруъ аз соли 2022-юм дар кишварамон минбаъд ҳамасола рӯзи 24-уми октябр ҳамчун «Рӯзи иттифоқҳои касаба» ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Гуфта шуд, ки дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми Иттифоқҳои касабаи кишвар хеле боло рафта, робитаҳои он ҳамчун пайвандгари манфиатҳои мардум ва давлат таҳким ва густариш ёфтанд.

Фаъолияти меҳнатии кормандони Бонки давлатии Амонатгузории “Амонатбонк” дар асоси ҳуҷҷатҳову санадҳои қабулкардаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон амалӣ гардидаву ба танзим дароварда мешавад. Масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои муҳиме мебошад, ки Раёсати Бонки давлатии Амонатгузории “Амонатбонк” ба он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Дар идомаи чорабинӣ нозири ҳуқуқ ва меҳнати Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи кормандони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон Акбаров Сайҷаъфар Аскарович ба сухан баромада оид ба фаъодияти назарраси Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” фикру ақидаи хешро иброз дошта, зикр намуданд, ки имруз барои кормандони Амонатбонк шарту шароити арзанда барои кору фаъолияти созанда фароҳам оварда шуда, ҳуқуқи меҳнатии онҳо пайваста ҳифз карда мешавад.

Дар охир як зумра кормандони Амонатбонк бо Ифтихорномаи Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи кормандони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон ва Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” ба хотири фаъолияти самарабхшу арзанда ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ сарфароз гардонида шуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк