Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз”

28 октябри 2022

Ҳамасола санаи 31-уми октябр дар ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” (World Savings Day) ҷашн гирифта мешавад.

Мақсад аз таҷлил ва баргузор намудани чорабинӣ дар доираи “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” васеъ кардани имконияти наврасону ҷавонон ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулонаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.

Бахшида ба ин рӯз, санаи 27-уми октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар филиали №25-и ноҳияи Айнӣ бо иштироки доираи васеъи кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, корхонаҳои саноатӣ ва муҳассилини синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чорабинии омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони Амонатбонк оид ба таърихи ташкилёбии Амонатбонк, ки дар асоси кассаҳои қарзӣ - амонатгузорӣ   ташкил ёфта, фаъолияти   худро аз соли 1885   оғоз намудааст ба иштирокчиён маълумот дода шуд.

Гуфта шуд, ки Амонатбонк дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат як қатор хизматрасониҳои бонкиро ба аҳолии кишвар пешниҳод менамояд. Аз он ҷумла пардохти нафақа, музди меҳнати корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ, қабули маблағҳои пардохтҳои ҳатмӣ, аз ҷумла андозҳо, маблағҳои коммуналӣ, маблағи Маркази миллии тестӣ, боҷҳои гумрукӣ, маблағ барои шиносномаҳои миллию хориҷӣ ва ғайра.      

Инчунин оид ба намуди пасандозҳо, фоизи он ва манфиати кушодани пасандоз дар Бонк алалхусус оид ба пасандозҳои “Муҳлатнок”, “Ҷамшаванда”, “Муҳлатнок бо пардохти иловагӣ”, “Муҳлатноки кудакона”, “Муҳлатноки нафақавӣ” ва “Муҳлатноки ҳамватани бурунмарзӣ” , ки дар Амонатбонк амал менамоянд маълумоти муфассал дода шуд.

Дар баробари ин оид ба маҳсулотҳои қарзии Бонк алалхусус хизматрасонии овердрафтии Бонк ва қарзҳои имтиёзнок бо фоизҳои дастрас, намуди кортҳои бонкӣ ва афзалияти онҳо инчунин барномаи мобилии “Амонат-мобайл” маълумотҳои гуногун пешниҳод карда шуд.

Дар чорабинии омӯзишӣ бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” ҳозирин фаъолона ширкат варзида ба суолҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар баробари тақдими маводҳои тарғиботӣ ва армуғонӣ ба кулли иштирокчиён, се нафар иштирокчии фаъоли чорабинии омӯзишӣ бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардида ба номи 3 нафар иштирокчии фаъоли дигар бошад суратҳисоби пасандози “Муҳлатнок”-и як сола кушода шуд.

Ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани дониш ва маърифати молиявии аҳолӣ аз он ҷумла наврасону ҷавонон мусоидат намуда, эътимоди онҳоро ба бонкҳои кишвар бештар мегардонад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк