Ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони КВД БА ҶТ «Амонатбонк»

26 апрели 2023

Санаи 25-уми апрели соли ҷорӣ бо иштироки ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони дастгоҳи марказии Амонатбонк, ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони КВД БА ҶТ «Амонатбонк» баргузор гардид.

Нахуст ҳисоботи Раиси Кумитаи ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Нидозода Д.М. оид ба натиҷаҳои фаъолияти кумитаи мазкур шунида шуд.

Зикр карда шуд, иттифоқҳои касаба ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Дар ин росто Кумитаи ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони КВД БА ҶТ «Амонатбонк» низ фаъолияти худро ба таври назаррас ба роҳ монда, барои кормандони Бонк шарту шароити арзанда барои кору фаъолияти созанда фароҳам оварда шуда, ҳуқуқи меҳнатии онҳо пайваста ҳифз карда мешавад.

Кумитаи ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар самти ташкил ва баргузории чорабинҳои фарҳангӣ, маданию маърифатӣ ва варзишӣ, иштирок дар корҳои ободониву кабудизоркунӣ, дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон, сафарбар намудани кормандон ва фарзандонашон ба истироҳатгоҳо пайваста таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расондааст.

Ҳамкории тарафайн ва фаъолияти назарраси аъзоёни Кумитаи ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо шӯрои ҷавонону занони Амонатбонк низ махсус зикр гардид.

Дар охир як зумра кормандон бо Ифтихорномаи Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ба хотири фаъолияти самарабхшу арзанда ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ сарфароз гардонида шуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк