Амонатбонк дорандаи ҷоизаи тиллоии “Бренди сол” гардид.

26 апрел 2023
Амонатбонк дорандаи ҷоизаи тиллоии “Бренди сол” гардид.

Санаи 26-уми апрели соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни Бренди сол - 2022 таҳти унвони «Қуллаи Шараф» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, иштирокчиёни озмун ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Маросими бошукуҳ бо сухани ифтитоҳии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Завқизода Завқи Амин оғоз гардида, сипас ба иштирокчиён - ғолибони озмуни ҷумҳуриявии Бренди сол таҳти унвони «Қуллаи Шараф» бо тантана ҷоизаҳо супорида шуданд.

Боиси хушнудист, ки КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо назардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ, нишондиҳандаҳои молиявӣ ва ҷиҳати саҳми бевосита гузоштан дар татбиқи сиёсати молиявӣ ва рушди устувори иқтисодиёти мамлакат бо ҷоизаи тиллоии «Бренди сол 2022» сарфароз гардонида шуд.

Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур, ин ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодабарии брендинг мебошад.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк