Баргузории ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ноҳияи Данғара

25 апрел 2023

Санаи 25-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар бинои филиали №59-и Амонатбонк дар ноҳияи Данғара бо иштироки муҳассилини муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ барои кудакони болаёқат ва муассисаи тахсилоти миёнаи умуми №10-и ноҳияи Данғара ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид.

Нахуст иштирокдорони чорабинӣ аз бинои хуштарҳу замонавии филиали №59-и Амонатбонк дар ноҳияи Данғара боздид намуда, аз ҷониби мутахассисони Бонк ба онҳо оид ба амалиётҳо ва хизматрасониҳои бонкие, ки дар филиали мазкур ба мизоҷон пешниҳод мешавад, маълумот дода шуд.

Сипас дар толор-маҷлисгоҳи филиал ҳамоиши омӯзишӣ бахшида ба ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) оғоз гардида, нахуст муовини Раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Сайфзода Ш.Ҷ. бо рӯнамои пурмуҳтаво дар мавзӯи “Саводнокии рақамию молиявии электронӣ” баромад намуданд.

Ба иштирокдорон оид ба афзалияти хизматрасониҳои молиявии рақамию электронӣ (ХМРЭ), кортҳои бонкӣ, қоидаҳои идоракунии кортҳо, POS-терминалҳо, Интернет-банкинг, банкинги мобилӣ, мафҳум ва маънои USSD, ҳамёни электронӣ, ҳамёни мобилӣ ва ғайра маълумотҳои зарурӣ ва ҷолиб пешниҳод гардид.

Дар идома мутахассисони Амонатбонк низ баромад намуда, оид ба таърихи пайдоиши пул, намудҳои пул, самаранок истифода бурдани маблағи худ, аввалин даромад, тарзи дурусти пасандоз намудан ва дигар мавзуҳо ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиши омӯзишӣ ба мавзуҳои зерин мароқ зоҳир намуда, ба мутахассисони Бонк суолҳои хешро иброз дошта, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охири ҳамоиш ба кулли иштирокчиён туҳфаҳои хотирмон бо рамзи Амонатбонк тақдим карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк