Ватанро қадам ба қадам бояд шинохт!

20 апрел 2023

Санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ дар КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки шоир, таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллӣ Абдулло Раҳнамо дар мавзӯи “Дарки сиёсӣ ва фардии мафҳуми ватандӯстӣ ва аҳамияти он дар шароити нави таърихӣ” ҳамоиш баргузор гардид.

Дар оғози ҳамоиш зикр гардид, ки миллати тоҷик аз азал ҳамчун миллати бузург дорои фарҳанг, тамаддун, таърихи бою пурғановат ва соҳибватану соҳибдавлат буд.

Имрӯз дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ дошта, дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар идома гуфта, шуд, ки сулҳу субот, Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар ва обрую нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, самараи талоши пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ба Роҳбарияти олии кишвар муяссар шуд, ки бо дарки баланди миллӣ, номуси ватандорӣ дар такя ва дастгирии халқи азизаш роҳи минбаъдаи давлатро муайян созад. Бо ҳамин мақсад фаъолияти пурсамари худро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон оғоз намуда, дар муддати кутоҳ оташи ҷангро хомуш намуд.

Аз ин рӯ ҳар як фарди хештаншиносу худогоҳи меҳанро зарур аст то Ватанро як пораи қалби хеш дониста, бо меҳру муҳаббати беназир дӯстдори ватани хеш бошанд, ба қадри сулҳу субботи сартосарӣ, Истиқлолияти комили давлатӣ, таърихи бою пурғановати чандинҳазорсола ва бузургиву манзалаташ расида бошанд, зеро боқӣ мондани миллати тоҷик ба боқӣ мондани давлати Тоҷикистон пайвасти ногусастани дорад.

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк