Мулокоти дуҷонибаи Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» бо Раиси Раёсати ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» дар иёлоти Гоаи Ҷумҳурии Ҳиндустон

27 апрели 2023

Нимаи аввали санаи 27 уми апрели соли 2023, дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони хамкории Шанхай мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Раиси Раёсати ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» муҳтарам Нурлан Байбазаров баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Амонатбонк ва Бонки рушди Қазоқистон дар самтҳои мухталиф аз қабили, табодули таҷриба ва маблағгузории савдо барои рушд додани гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо мавриди барраси қарор дода шуд.

Боиси кайд аст, ки Раиси Раёсати ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» муҳтарам Нурлан Байбазаров дар оғози мулоқот қайд намуд, ки тавассути васоити ахбори оммаи кишвараш аз дастовардхои молиявии Амонатбок ва мавқеи он дар бозори бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор аст. Дар ин замина, муҳтарам Нурлан Байбазаров пешниход намуд, ки омодааст дар ояндаи наздик бо Амонатбонк Созишномаи хати қарзӣ ҷиҳати рушд додани гардиши молу маҳсулот байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад.

Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом низ пешниҳоди роҳбарияти Бонки рушди Қазоқистонро бо хушнуди пазируфта, омодагии ҳамаҷонибаи хешро дар дилхоҳ самтҳои манфиатнок иброз намуданд.

Дар маҷмуъ мулоқоти дуҷониба дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми ҷонибҳо баргузор гардида, нақшаи ҳамкориҳои муштарак байни роҳбарони бонкҳо барраси гардид.

Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» ҳамчун, як институти молиявии кишвар ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дар рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.

 

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк