Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» бо ноиби Президенти Бонки давлатии рушди Хитой

27 апрели 2023
Нимаи дуюми санаи 27 уми апрели соли 2023, дар иёлоти Гоаи Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо ноиби Президенти Бонки давлатии рушди Хитой муҳтарам Ван Вэйдун баргузор гардид.
Дар оғози мулоқоти дуҷониба Раиси Раёсати Амонатбонк аз дастовардҳои молиявии Бонк маълумот манзур намуда, қайд карданд, ки дар доираи Иттиҳоди байнибонки, Бонки давлатии рушди Хитой яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди мо ба шумор меравад.
 Ноиби Президенти Бонки давлатии рушди Хитой муҳтарам Ван Вэйдун қаноатмандии хешро аз натиҷаи ҳамкориҳои муштарак иброз дошта, қайд намуд, ки Амонатбонк ягона бонке ҳаст, ки бо Бонки давлатии рушди Хитой таърихи хуби ҳамкориҳои муштарак дорад ва ин барои мо муҳим ва қобили эҳтироми хоса аст.
Дар заминаи мулоқоти пурмуҳтаво роҳбарони бонкҳо ба муфовиқа расиданд, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳузури роҳбарони харду кишвар Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ба имзо расонидани боз ду созишномаи хати нави қарзӣ, ба имзо хоҳанд расонид.
Ҳамкориҳои Амонатбонк бо Бонки давлатии рушди Хитой таърихи тулонӣ дошта, аз солҳои 2008 яъне аз лаҳзаи пазируфтани Амонатбонк ба Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, сарчашма мегирад.
Амонатбонк ва Бонки давлатии рушди Хитой дар тули солҳои ҳамкориҳои муштараки худ беш аз 8 созишномаҳои қарзӣ бо маблағҳои гуногун ҷиҳати рушд додани соҳибкории хурду миёна ва Ёддошти тафоҳум оид ба бозомӯзии кормандони Бонк дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой, ба имзо расонидаанд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк