Иштироки Амонатбонк дар Ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ

27 апрел 2023

Санаи 26 уми апрели соли 2023, дар иёлоти Гоаи Ҷумҳурии Ҳиндустон таҳти раёсати Корпоратсияи инфрасохториву молиявии Ҳиндустон ҳамчун раисикунанда ва бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзо ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) баргузор гардид. 
Дар кори ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ҳайати расмии Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом иштирок ва суханрони намуданд. 
Дар кори ҷаласа беш аз 5 масъалаи муҳим дар самтҳои бонкдорӣ, сармоягузории мустақим байни бонкҳои аъзои Иттиҳод, табодули таҷриба ва маблағгузории савдо ҷиҳати рушд додани гардиши молу маҳсулот байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасии роҳбарони бонкҳо қарор дода шуд. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар интиҳои чорабинии Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби раисони бонкҳои аъзо протоколи ҷаласа ба имзо расонида шуд. 
Боиси ёдоварист, ки пас аз ба имзо расидани протоколи мазкур имконият фароҳам омад, ки фаъолияти молиявии бонкҳои аъзои Иттиҳод боз ҳам ҷоннок карда шуда, дар самтҳои мухталиф ҳамкориҳои дуҷониба густариш ёбанд.
Пас аз ба итмом расидани қисмати асосии ҷаласа руйхати  мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарон ва ҳайатҳои бонкҳои аъзои Иттиҳод  барои санаи 27 апрели соли 2023, бо ҷонибҳо мувофиқа гардида, омода карда шуд.
Айни ҳол, ҳайати расмии Амонатбонк таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом нақша доранд, ки санаи 27 апрели соли ҷори дар идомаи ҷаласаи Иттиҳоди байнибонкӣ бо якқатор роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиход мулоқоту вохӯриҳои судманди дуҷониба баргузор намоянд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк