Ҳамоиш вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 феврал 2024

Ҳамоиш вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Санаи 14-уми феврали соли ҷорӣ дар бинои асосии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  ҳамоиш доир гардид.

Ҳамоиши мазкур бо иштироки Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Салимзода А.А., муовинони Раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С., Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қурбонзода Убайдулло ва кормандони Бонк доир гардид.      Дар оғоз Раиси Раёсати Бонк  ба сухан баромада, иброз доштанд, ки чун анъана ҳамасола дар интиҳои сол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  ироа мегардад, ки ҳамчун ҳуҷҷати муҳими таҳлилӣ - сиёсӣ, роҳнамоикунанда ва дурнамои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҷиҳати тақвияти фаъолият, таъмини пешрафт, рафъи камбудиҳои мавҷуда ва расидан ба ҳадафҳои пешгузошта, шароити зиндагии арзанда ва рушди тамоми соҳаҳои давлатӣ заминаи устувор мегузорад.

Гуфта шуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ давоми мантиқии паёмҳои солҳои сипаригардида буда, ҳамчун муҳимтарин ҳуҷҷат стратегияи дохиливу хориҷӣ ва рушди имрўзу фардои кишвар дар он бо таҳлилҳои ҳамаҷониба таҷассум ёфтааст.       Яке аз пешниҳодҳои наҷибу олие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пешниҳод гардид, ин ба ифтихори  30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ба ҳисоб меравад, ки ин иқдом дар дар фаъолияти  бонкдорон такони ҷиддӣ мебахшад.    

Дар идома сардори идораи банақшагирӣ ва музди меҳнати Департаменти рушд ва омори бонк, Раҳимзода Ш.Д. бо маъруза баромад намуда, фикру ақидаҳои хешро перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат – ин ҳадафгирӣ баҳри таъмини зиндагии шоиста ба  ҳар як сокини кишвар аст».       Ин аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллатро бо масъулият ва садоқат ба Роҳбари давлат ва ҳар як зарра хоки поки ин меҳани аҷдодӣ  бо тамоми ҳастӣ дарк намуда, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои дар паём ироагардида, сарҷаъму муттаҳид камари ҳиммат мебанданд. Зеро, ки паёмҳои Роҳбарияти олии кишвар дар сиёсати беназири мо ҳатто хурдтарин ҷузъиёти кору рўзгори моро дар бар гирифта, баҳри беҳбудии ҳаёти ҷомеа бахшида шудааст.

Дар идомаи ҳамоиш инчунин ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” доир гардид. Аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим ва  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қурбонзода Убайдулло фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” назаррас дониста шуда, гуфта шуд, ки аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар давраи ҳисоботӣ чун ҳарвақта бо фаъолияти пурсамари худ, фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маънавӣ саҳми босазои худро баҳри беҳбудии ҷомеа равона намуданд.       

Дар анҷом бо овоздиҳии кулли аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”, Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Салимзода А.А., ба ин мақом интихоб гардиданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк