Мулоқоти Раиси Раёсати Амонатбонк бо роҳбари ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд
28 сентябр 2023
Санаи 25 сентябри соли ҷорӣ Раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом роҳбари ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд муҳтарам Френсис Малиҷ дар бинои марказии Амонатбонк қабул намуданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариш додани ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мухталифи молиявию бонкдорӣ, ҳамчунин ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба мавриди таваҷҷўҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Боиси қайд аст, ки дар заминаи мулоқоти мазкур санаи 26 сентябри соли 2023, дар маросими расман кушодашавии Барномаи маблағгузории сабзи БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни Амонатбонк Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Ёддошти тафоҳум оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонида шуд.













