Хабарҳо
Семинар-машварат дар мавзуи “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба коррупсия”
Дар санаи 17 ва 18-уми июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии муовини раиси раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З. ва бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентӣ Рабизода Д. ва нозири ҳамин ниҳод Зокирзода В. семинар-машварат дар мавзуи “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба коррупсия” баргузор гардид.
Намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар ш.Душанбе
Санаи 17-уми июни соли ҷорӣ дар ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар ш.Душанбе бо иштироки ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои қарзии кишвар намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид.
Шанбегии дастаҷамъонаи кормандони «Амонатбонк»
Покиву зебоипарастӣ, ободкориву бунёдкорӣ хоси миллати тамаддунофар ва қадимаи тоҷик дониста шуда, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию тозакорӣ ва сабзгардонии кучаҳои шаҳрамон ва гирду атрофи коргоҳ бо иштироки кормандони Раёсати “Амонатбонк” ва филиалҳои он рӯзи шанбегӣ доир гардид.
Чорабиниҳои омўзишию маърифатӣ ва аксияҳои таблиғотӣ
Ҷиҳати тарғибу ташвиқи хизматрасониҳои бонкӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ оғоз аз моҳи июни соли ҷорӣ дар як қатор боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва марказҳои савдои шаҳр бо иштироки волонтёрон ва масъулини Бонк чорабиниҳои омӯзишӣ ва аксияҳои таблиғотӣ доир гардид.
Озмун барои дарёфти ширкати мустақили баҳогузор
КВД БА ҶТ “Амонатбонк“ барои ширкатҳои мустақили баҳогузор оид ба азнавбаҳодиии молу мулки дар тавозун қарор дошта, озмун эълон менамояд. Ширкатҳо метавонанд пешниҳодҳои тиҷоратии худро дар давоми 14 рузи тақвимӣ пас аз нашри эълон ирсол намоянд.