Хабарҳо

Аксияи “Тоҷикона мепӯшем”
02 май 2025

Аксияи “Тоҷикона мепӯшем”

Либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагони мо мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки зан -модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллат буд, инчунин, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.


Фестивали “Саводнокии молиявӣ”  дар шаҳри Норак
01 май 2025

Фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Норак

Санаи 30-юми апрели соли ҷорӣ бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон ва иштироки ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ дар доираи фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар Қасри фарҳанг ва майдони марказии шаҳри “Норак” форуми саводнокии молиявӣ ва намоиши маҳсулотҳои молиявӣ  баргузор гардид.


«Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Дарвози ВМКБ
28 апрел 2025

«Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Дарвози ВМКБ

Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ», ки барои кўдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати дар оянда ба роҳ мондани масъулиятнокии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ки ҳамасола бо ибтикори ширкати байналмилалии Global Money Week гузаронида мешавад бо иштироки зиёда аз 200 нафар муҳассилини мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1, ҷавонон ва муштариёни Бонк дар филиали №68-и ноҳияи Дарвози ВМКБ чорабиниҳои хотирмон ва судманд доир гардид.


Бонувони Амонатбонк ғолиби озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” дониста шуданд.
25 апрел 2025

Бонувони Амонатбонк ғолиби озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” дониста шуданд.

Санаи 24-уми апрели соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи "Hayat Regency"-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмуни  “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” , ки бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид.


«Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Вахш
21 апрел 2025

«Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Вахш

Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» барои наврасону ҷавонон ва бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати дар оянда ба роҳ мондани масъулиятнокии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ бо иштироки муҳассилини мактабҳои миёна, ҷавонон ва муштариёни Бонк дар филиали №44-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон чорабинии хотирмон ва судманд доир гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк