Хабарҳо

Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
30 апрели 2024

Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Санаи 30-юми апрели соли ҷорӣ дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, занону бонувони фаъол ва ҳунармандони ноҳия ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид.


Дар амал татбиқ намудани Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)
29 апрели 2024

Дар амал татбиқ намудани Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)

Санаи 25-уми апрели соли 2024 дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2024, таҳти №11-1029 оид ба ҳолати дар амал татбиқ намудани Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар Бонк таҳти роҳбарии муовини раиси раёсати Бонк – Ризвонзода Ф.З. ва бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ – Раҳмонзода Ф. ва тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк баргузор гардид.


Семинар дар мавзӯъи «Рушди устувор: Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ-ESG» барои кормандони Амонатбонк
29 апрели 2024

Семинар дар мавзӯъи «Рушди устувор: Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ-ESG» барои кормандони Амонатбонк

Санаҳои 18-19 апрели соли ҷорӣ гурўҳи кории Корпоратсияи рушди давлатии «ВЭБ.РФ» ҷиҳати баргузор намудани семинари муштарак дар мавзӯъи «Рушди устувор: Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ-ESG» барои кормандони Амонатбонк ба Бонк ташриф оварданд.


Тренинги омўзиши доир ба мавзўи «Баҳогузории амволи гарав»
29 апрели 2024

Тренинги омўзиши доир ба мавзўи «Баҳогузории амволи гарав»

Дардоираи ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо ҶДММ «Маркази таълимӣ ва рушди маблағгузории хурди Тоҷикистон» барои 20 нафар кормандони саридораи Бонк ва филиалҳои тобеъ, ки дар самти баҳогузории амволи гарави манқул ва ғайриманқул мувазаффанд санаҳои 25-26 апрели соли равон  доир ба мавзўи «Баҳогузории амволи гарав», тренинги омўзишӣ баргузор гардид.


Чорабинии омӯзишӣ оид ба Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият
27 апрели 2024

Чорабинии омӯзишӣ оид ба Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият

Санаи 24 апрели соли 2024 бо иштироки васеи кормандони Бонк дарси машваратӣ дар мавзўи «Натиҷаи фаъолияти гуруҳи кории баҳодиҳии  хавфҳои коррупсионии Бонк дар микъёси ҷумҳурӣ» баргузор гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк