Хабарҳо
Эълон оид ба интихоби ширкатҳои аудиторӣ
Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»», ҷиҳати гузаронидани азнавбаҳодиҳии биноҳои Бонк, оид ба интихоби ширкатҳои аудиторӣ, озмун эълон менамояд.
Таҷлили Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амонатбонк
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки муовини раиси раёсати Бонк Сафарзода Р.С., доктори илмҳои таърих, профессор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Сайфулло Муллоҷонов ва ҳайати кормандони Бонк ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Иштироки Амонатбонк дар фестивали “Саводнокии молиявӣ” ва “Рӯзи байналмилалии пасандоз”
Бо мақсади таъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии онҳо ва бахшида ба “Рӯзи байналмилаии пасандоз” бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ” доир гардид.
Иштироки Амонатбонк дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026»
Санаи 22-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои сармоягузории ватанию хориҷӣ ва доираҳои соҳибкорӣ, Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид.
Амонатбонк» барои саҳми назаррас дар рушди хизматрасониҳои бонкии рақамӣ қадрдонӣ гардид.
КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар озмуни солонаи «Ҷоиза барои рушди бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026» дар самти «Бонкдории рақамӣ», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сазовори ҷоиза шуд.


















