Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Амонатбонк”
16 ноябр 2023

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Амонатбонк”

Санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  Раиси Раёсати “Амонатбонк” Икромӣ С.С., муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар ва ҳайати кормандони Бонк чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.


Чорабинии омӯзишӣ оид ба  Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият
16 ноябр 2023

Чорабинии омӯзишӣ оид ба Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият

Дар Корхонаи воҳиди давлатии  «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» бо иштироки доираи васеи кормандони дастгоҳи  марказии Бонк оид ба Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) чорабинии омӯзишӣ гузаронида шуд.


Иштироки “Амонатбонк” дар Ҳамоиши “Экспо 2023- соҳибкории занон: шарикӣ ва имкониятҳои рушд”.
15 ноябр 2023

Иштироки “Амонатбонк” дар Ҳамоиши “Экспо 2023- соҳибкории занон: шарикӣ ва имкониятҳои рушд”.

Бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор, Ҳамоиши “Экспо 2023- соҳибкории занон: шарикӣ ва имкониятҳои рушд” баргузор гардид.


Мафҳуми коррупсия ва оқибатҳои ногувори он
15 ноябр 2023

Мафҳуми коррупсия ва оқибатҳои ногувори он

Коррупсия яке аз падидаҳои номатлуб дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун як падидаи қадимӣ чун тартиботи иҷтимоие, ки ҳаёти одамонро идора мекунад, новобаста аз он ки ин чӣ гуна тартиботи иҷтимоӣ мебошад, арзи вуҷуд дорад. Табиист, ки ин ходиса дар рафти раванди таърихӣ доимо тағйир меёбад ва дар баробари мураккаб шудани тартиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ шаклҳои нави зухуроти он ба миён меоянд.


Ифтитоҳи “Бонки таълимии Амонатбонк” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
03 ноябр 2023

Ифтитоҳи “Бонки таълимии Амонатбонк” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Санаи 03-юми ноябри соли ҷорӣ дар факултаи молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С., Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахт, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии “Амонатбонк” ва устодону донишҷуёни донишгоҳ, “Бонки таълимии Амонатбонк” ба истифода дода шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк