Хабарҳо
Амонатбонк ғолиби “Мусобиқаи байнибонкӣ 2024 оид ба футбол” гардид.
Аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистонбахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Муосбиқаи байнибонкӣ2024 оид ба футбол” миёни ташкилотҳои қарзиикишвар доир гардид.
Иштироки “Амонатбонк” дар намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон 2024”
Санаи 24 уми октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии шаҳри Душанбе “DUSHANBE EXPO CENTRE” намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон 2024” баргузор гардид.
Иштироки Амонатбонк дар намоишгоҳи соҳаҳои истеҳсоливу хизматрасониҳо дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон.
Саннаи 14.10.2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон” конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар донишгоҳи мазкур дар доираи конфронс намоишгоҳи саҳаҳои истеҳсоливу хизматрасониҳо гузаронида шуд, Амонатбонк дар он гушаи хизматрасониҳои бонкиро пешниҳоди иштирокчиён намуд.
“Забони миллат- ҳастии миллат”
Бахшида ба санаи таърихӣ ва гиромидошти забони давлатӣ, дар Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки муовини Раиси Раёсати Бонк Сафарзода Р. С., шоири халқии Тоҷикистон, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш ва аҳли кормандони Амонатбонк чорабинии тантанавӣ доир гашт. Дар оғоз муовини Раиси Раёсат Сафарзода Р.С. суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, табрику таҳният гуфта, зикр намуданд ки маҳз Истиқлолияти давлатӣ барои дурахши дубораи забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имконияти фаровон муҳайё намуд.
Иштироки Амонатбонк дар Фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Душанбе, 28.09.2024
Бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар Театри академии давлатии Опера ва балети ба номи Садриддин Айни ва Боғи Куруши Кабир-и шаҳри Душанбе фестивали “Саводнокии молиявӣ”баргузор гардид. Фестивали мазкур бо мақсади иттилоотонии аҳолӣ аз хизматрасонҳои молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ буда, дар он ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ ширкат варзиданд.