Хабарҳо
Ҷаласа доир ба ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и Амонатбонк давоми соли 2025 ва доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 03-юми феврали соли ҷорӣ дар раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” давоми соли 2025 ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Амонатбонк барои интихоби ширкати аудиторӣ озмун эълон менамояд
Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»», ҷиҳати гузаронидани аудити беруна барои соли 2026, оид ба интихоби ширкати аудиторӣ, озмун эълон менамояд.
Семинари омӯзишӣ дар мавзуи густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ
Санаи 14-уми январи соли ҷорӣ дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки муовини якуми раиси раёсати Бонк Худоёрзода Х.Б., устоди факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Давлатшо Маҳмудов ва аҳли кормандони Бонк семинари омӯзишӣ дар мавзуи густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ семинари омӯзишӣ доир гардид.
Амонатбонк дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” ғолиби ҷойи якум дониста шуд.
Китобхонаи КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок намуда, миёни корхонаву идораҳои давлатӣ ҳамчун яке аз “Китобхонаи беҳтарини идоравӣ” ғолиби ҷойи якум дониста шуд.
Роҳбарияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк ” бо нишони фахрии “Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуданд.
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия, ки ҳамасола санаи 7-уми декабр таҷлил мегардад, аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин...


















