Хабарҳо

Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия тақозои замон аст”
01 октябр 2025

Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия тақозои замон аст”

Санаи 30-юми сентябри соли равон дар бинои марказии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия тақозои замон аст” бо иштироки васеи намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омўзгорону олимони муассисаҳои олии таълимии кишвар, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ширкатҳои операторони мобилӣ, ширкатҳои инноватсионии IT-  технологияҳо ва кормандони Амонатбонк баргузор карда шуд.


Иштироки гурӯҳи кории КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар Форуми иқтисодии Авруосиё 2025
25 сентябр 2025

Иштироки гурӯҳи кории КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар Форуми иқтисодии Авруосиё 2025

Санаи 23-25 сентябри соли 2025 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Халқии Хитой гурӯҳи кории КВД БА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии директори департамети хазинадории Бонк, Сафаров Бадриддин Ҳайдарович дар кори Форуми иқтисодии Авруосиё 2025 ва ҷаласаи молиявии Бонки давлатии рушди Хитой иштирок намуд.


ВУСЪАТ ЁФТАНИ ҲАМКОРИҲО БАЙНИ АГЕНТӢ ВА “АМОНАТБОНК”
16 сентябр 2025

ВУСЪАТ ЁФТАНИ ҲАМКОРИҲО БАЙНИ АГЕНТӢ ВА “АМОНАТБОНК”

Дар доираи таҳкими ҳамкории судманд миёни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — Амонатбонк» рӯзи 15-уми сентябри соли 2025 Шартнома «Дар бораи аз нав барасмият даровардани хизматрасониҳо ва ҳисоббаробаркуниҳои суратҳисоби бонкӣ бо пули миллӣ» байни директори Агентӣ Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ва раиси КВД ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол имзо шуд.


Дар шаҳри Роғун бинои нави филиали №19-и КВД БА ҶТ «Амонатбонк» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
06 сентябр 2025

Дар шаҳри Роғун бинои нави филиали №19-и КВД БА ҶТ «Амонатбонк» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Бинои нави филиали №19-и КВД БА ҶТ «Амонатбонк » дар шаҳри Роғун дар доираи иқдомҳои созандагӣ ба истиқболи 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.


Таҷлил аз ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатӣ дар Амонатбонк                      Истиқлолияти давлатӣ рамзи саодати миллат                             ва нишонаи пойдории давлат аст.
06 сентябр 2025

Таҷлил аз ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатӣ дар Амонатбонк Истиқлолияти давлатӣ рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдории давлат аст.

Санаи 06-уми сентябри соли ҷорӣ маҷлиси тантанавӣ  бахшида ба 34-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар дастгоҳи марказии КВД БА ҶТ «Амонатбонк» баргузор гардид


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк