Хабарҳо
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк”
Санаи 31-юми августи соли ҷорӣ дар бинои асосии БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Наимӣ Аъламхон Қодириён, ҷиҳати ба кормандони фаъоли Бонк аз номи Роҳбарияти олии кишвар тақдим намудани мукофотҳои давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” ташкилоти беҳтарин дар н. Исмоили Сомонӣ дониста шуд.
Санаи 30-юми августи соли ҷорӣ бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқбол аз Истиқлол” баргузор гардид.
Вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ҳайати Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «Шпаркассен Финансгрупп»
Санаи 30 июли соли 2021 тариқи видеоконфронс вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. бо ҳайати гуруҳи кории Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «Шпаркассен Финансгрупп» таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози минтақавӣ, ҷаноби Аня Хойер баргузор гардид.