Хабарҳо
Ватанро қадам ба қадам бояд шинохт!
Санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ дар КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки шоир, таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллӣ Абдулло Раҳнамо дар мавзӯи “Дарки сиёсӣ ва фардии мафҳуми ватандӯстӣ ва аҳамияти он дар шароити нави таърихӣ” ҳамоиш баргузор гардид.
Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week)
Санаи 18-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ, дар Муассисаи давлатии таълимии литсейи №5 дар шаҳри Душанбе бо иштироки муҳассилини литсей чорабинии омӯзишӣ баргузор гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон ба “Амонатбонк” Иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкиро тақдим намуд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №44 дар бораи масъалаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк”” тасдиқ карда шуд.
Раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ бо бонкирҳои оянда вохурии судманд анҷом дод.
Бо ташаббус ва даъвати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 06-уми апрели соли ҷорӣ намояндагони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” таҳти роҳбарии Раиси Раёсати “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. ҷиҳати баргузор намудани семинарӣ омӯзишӣ ба Донишгоҳи болозикр ташриф оварданд, ки баргузор намудани семенарӣ омӯзишӣ дар доираи ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ (Global Money Week) рост омад.
Семинари омӯзишӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Баҳри тайёр намудани кадрҳои ҷавону болаёқати соҳаи бонкӣ, дар як зумра муасcисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз қабили Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд синфхонаҳои таълимии “Амонатбонк” бо тамоми шароити зарурӣ фаъолият менамоянд.