Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар “Амонатбонк”
Санаи 26-уми июни соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бо иштироки муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С. ва доираи васеъи кормандон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Мулоқоти дуҷонибаи Раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» бо Муовини раиси Раёсати Бонки давлатии рушди Хитой
Нимаи дуюми санаи 25 уми июни соли 2024, дар Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо Муовини раиси Раёсати Бонки давлатии рушди Хитой Чжан Хуи баргузор гардид.
Иштирок ва суханронии раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол дар кори ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмон ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ)
Санаи 25-уми июни соли 2024, дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона таҳти раёсати ҶСК «Бонки рушди Қазоқистон» ҳамчун бонки раисикунанда ва бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод, ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), баргузор гардид.
Бонувони Амонатбонк ғолиби озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” дониста шуданд.
Санаи 21-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон”, ки бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид.
Машқи пагоҳирӯзӣ ва шанбегии дастаҷамъонаи кормандони “Амонатбонк”
Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии кормандон дар “Амонатбонк” ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе “Рӯзи варзиш эълон гардидааст.