Хабарҳо
«Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд
Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» барои наврасону ҷавонон ва бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати дар оянда ба роҳ мондани масъулиятнокии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, бо иштироки 800 нафар муассилини мактабҳои миёна, ҷавонон ва муштариёни Бонк дар филиали №26-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд чорабинии хотирмон ва судманд доир гардид.
Иштироки ҳайати кории Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ)
Санаҳои 1 ва 2-юми апрели соли 2025, ҳайати кории Амонатбонк таҳти роҳбарии муовини раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Ризвонзода Фирдавс Зикр дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки дар шаҳри Хайкоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид, иштирок ва маърўза намуданд.
Таҷлили бошукӯҳ аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар “Амонатбонк”
Санаи 20-уми марти соли ҷорӣ дар саҳни бинои Раёсати “Амонатбонк” аз ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи хуҷастапай таҷлил карда шуд. Дар чорабинии идона тибқи анъананҳои неки наврӯзӣ бобои деҳқон ва маликаи баҳор ба саҳна баромада, мужда аз омад омади ҷашни накӯи Наврӯзиро эҳдо сохтанд.
Чорабинии маърифатӣ бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Санаи 14-уми марти соли 2025 бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» чорабинии маърифатӣ бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳи мазкур доир карда шуд.
Иштироки масъулини “Амонатбонк” дар барномаи радиои “Азия-Плюс” вобаста ба “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”
Ҳамасола дар ҷаҳон санаи 15-уми март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад.